< Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
​Паҳлавонони тоҷик ба монанди Субҳиддин Халилзода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Муқтадири Бобоҷон, Фарҳод Раҳматуллобеков, Акмал Муродов, Ҳайдар Саидкабирзода, Муллораҷаб Халифаев, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳаммадиқбол Тошев, Ҳамроз Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Ориф Додов, Абуллои Ориф, Зикруллоҳ Шарипов ва Ҷонона Назарова нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Барои ғолибон мусобиқа туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, ки онҳоро Ҷонона Назарова, Муқтадири Бобоҷон ва Фарҳод Раҳматуллобеков аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷасурбек аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий