< Боздошти ду духтари ноболиғ бо гумони ҳамла ба ронанда » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти ду духтари ноболиғ бо гумони ҳамла ба ронанда

Боздошти ду духтари ноболиғ бо гумони ҳамла ба ронанда
​Ба таври мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот мушкил аст. Навори ҷанҷоли ин духтарон бо ронандаи таксӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 25-уми март дар хабарномае навишт, онҳо 23-юми март телефони ронандаи таксӣ Маҳмадёр Отаевро рабуда, гӯшашро газидаву ба ӯ осеб расондаанд.

Ба хотири ноболиғ буданашон исми ин духтаронро пахш намекунем. Назари онҳо ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест. Талошҳои мо барои ёфтани волидони духтарони наврас то ин дам бенатиҷа буд. Дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, тафтиши қазия идома дорад.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий