< "Аз дуди ғализ ҷон бохтанд." Дафни 4 узви як оила дар Муъминобод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Аз дуди ғализ ҷон бохтанд." Дафни 4 узви як оила дар Муъминобод

"Аз дуди ғализ ҷон бохтанд." Дафни 4 узви як оила дар Муъминобод
​Кароматулло Мирзоев ва ҳамсараш 33 сол дошта, ду фарзандашон 5 ва 6-сола буданд.
Ҳодиса шаби 23-юми март рух додааст.

Ҷасади чор нафарро рӯзи 25-уми март дар зодгоҳашон дафн карданд.

Як манбаи боварбахш дар Идораи оташнишонии Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, он шаб дар манзили Кароматулло Мирзоев дар ҷамоати Чашмасорони ноҳияи Муъминобод «аз ҳисоби сими барқ сӯхтор сар зад».

Санҷиши тиббӣ ошкор кардааст, ки Мирзоев ва ҳамсару ду кӯдакаш «ҳангоми хоб будан аз дуди ғализи ашё, ба мисли кӯрпаву қолин, ба ҳалокат расидаанд».

Ҳамсуҳбати мо дар Идораи оташнишонии Хатлон гуфт, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Соли гузашта марги чанд сокини Тоҷикистон, аз ҷумла ду наврас дар ноҳияи Восеъ ва як зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуд расонаӣ гашта буд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий