< Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод

Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод.
Дар ин бора имрӯз, 18-уми март, сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон равон карда шуд. 

Ба иттилои манбаъ, кӯмакҳо аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.

«Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18-уми март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад», — навиштааст манбаъ.


Бояд гуфт, субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.


Сарчашма: asiaplustj.info


Комментарии (0)

Оставить комментарий