Пешниҳоди истирдоди беш аз 150 зани тоҷик аз зиндони Русия ба Тоҷикистон. Москалкова ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навиштааст
Дар ин бора Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дирӯз, 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала нахуст ҳангоми сафари Москалкова ба Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари президенти ин кишвар ба Тоҷикистон омада буд, муҳокима шудааст.
«Вақте ӯ ба Душанбе омад ва бо кормандони мо суҳбат мекард, пайваста аз ваколатдори ҳуқуқи инсони тоҷик даъват менамуд, ки бо онҳо ҳамкорӣ карда, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, хусусан, занҳо огоҳ шавем», — гуфт ӯ.
Ба қавли омбудсмени тоҷик, Москалкова баъди ба Русия рафтанаш «ба номи президенти мамлакати мо» дар хусуси истирдоди маҳбусзанони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мактуб навиштааст.

Қариб ду ҳафта пеш, 26-уми январи имсол Умед Бобозода низ бо ӯ телефонӣ суҳбат карда, масъалаи ҳарчи зудтар ба ватан овардани онҳоро баррасӣ кардааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон як зиндони занона, он ҳам дар шаҳри Норак мавҷуд буда, беш аз 400 зан он ҷо адои ҷазо мекунад.
«Барои овардани онҳо мо бояд зиндонҳоро омода кунем, то онҳоро ҷо карда тавонем», — гуфт Бобозода.Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки масъала ҳалли мусбии худро меёбад.
Ба ишораи Бобозода, худи занони тоҷик низ, ки дар зиндонҳои Русия маҳбусанд, ба воситаи мақомоти дахлдори ин кишвар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои истирдодашон ба ватан муроҷиат кардаанд.
Зимнан, тайи се соли ахир дар бораи табодули маҳкумшудагон байни Русия ва Тоҷикистон ягон маълумот ё омор расонаӣ нашудааст.

Татяна Москалкова
Ахиран Татяна Москалкова гуфта буд, аз занони Тоҷикистон бо дархости кумак ба хешовандони онҳо ҷиҳати интиқол ба ватан барои адои минбаъдаи ҷазо дар маконҳои наздиктар ба пайвандону наздикон муроҷиатҳо мегирад.
Аммо маълум нест, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва чанд шаҳрванди ин кишвар дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳҳои кишвар 244 шаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекарданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)