< Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд
Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February 2026, ки аз 1 то 6 феврал дар шаҳри Будапешт (пойтахти Маҷористон) доир гардид, муваффақ шуд.

Юнусов дар ду мусобиқаи категорияи Rating/U2250, ки дар он шатранҷбозони дорои имтиёзи 2250 FIDE рақобат мекунанд, пирӯзӣ ба даст оварда, муқобили ҳарифон аз кишварҳои гуногун бозии устувор ва маҳорату малакаи хуб нишон дод.

Ноиби президенти Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон Илҳом Юнусов дар ин робита зикр кард, ки натиҷаи мазкур ба қисмате аз стратегияи дарозмуҳлати рушди шатранҷ дар кишвар рабт дорад:

«Ин самти Федератсия дар соли 2026 — тарбияву омода кардани гроссмейстерҳо аст. Соли гузашта ду шатранҷбози мо Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ меъёри устоди байнулмилалиро иҷро карданд. Дар доираи ин нақшаи Федератсия мо шатранҷбозонро ба мусобиқаҳо бо доштани меъёри гроссместери байнулмилалӣ фиристодем. Муҳаммад Юнусов дар ду мусобиқа бо имтиёзи то U2250 дар радабандӣ пирӯз шуд».    


SixDays Budapest — ҷашнвораи байнулмилалии шатранҷ мебошад, ки аз якчанд мусобиқаҳои даврӣ (round robin) иборат аст. Дар онҳо ҳар кадоме аз иштирокчиён бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Мусобиқаҳо бо қоидаҳои FIDE гузаронида шуда, дар он шатранҷбозон имкон доранд, ки мавқеи худро дар радабандиҳои байнулмилалӣ беҳтар созанд ва меъёри унвонҳоро иҷро кунанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий