Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Зимни маросими ифтитоҳи мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзишгарон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳа ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш тадбирҳои муҳим ва муассир амалӣ мегарданд.
Раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсу Манучеҳр Каримзода изҳор намуд, ки мусобиқа бо мақсади рушди варзиши ҷиу-ҷитсу, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, таҳкими рақобати солим ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор шуда, дар он варзишгарони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, муайян ва дастгирӣ намудани варзишгарони боистеъдод, интихоб ва омодасозии онҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Баргузории мусобиқа ба тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ байни клубҳо ва муассисаҳои варзишии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон ва рушди ҷиу-ҷитсу ҳамчун намуди муосири варзиш дар мамлакат равона гардидааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)