< Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо нашри қаблӣ даста як зина боло рафта, ҳоло бо 1224.93 хол дар ҷойи 100-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар айни замон байни дастаҳои Осиё дар ҷойи 17-ум аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро 31 март дар шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаи мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.

Нашри раддабандии навбатии ФИФА 1 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий