< Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобатро мусовӣ ҷамъбаст кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобатро мусовӣ ҷамъбаст кард

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобатро мусовӣ ҷамъбаст кард
Имрӯз, 20 январ футзалбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ягона голи Тоҷикистонро зад.

Қаблан дар Ҷакарта яккачини Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) нерӯ месанҷад.

Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий