< Вазорати тандурустӣ ба овозаҳои паҳншуда вокуниш кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати тандурустӣ ба овозаҳои паҳншуда вокуниш кард

Вазорати тандурустӣ ба овозаҳои паҳншуда вокуниш кард
​Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкурро Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
»Баъди нашри овозаҳо атрофи доруи мазкур аз анбори ширкатҳои воридкунандаи он барои гузаронидани санҷишҳои озмоишгоҳии такрорӣ намунаҳо гирифта шуданд. Ҳамин тавр, силсилаҳои гуногуни доруи Пантогам (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда 000 «Пик- Фарма Леки Федератсияи Русия аз нав мувофиқи талаботи стандартҳои муқарраршуда — ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад», — омадааст дар вокуниши варзорат.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соҳаҳои эҳёи кӯдакона, бемориҳои асаби кӯдакона ва заҳролудшавӣ (токсикология) ҳолати мазкурро зери таҳлил ва баҳогузорӣ қарор дода, вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи дорувории Пантогамро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос номиданд.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий