< Чаро асали Тоҷикистон ба Аврупо содир намешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чаро асали Тоҷикистон ба Аврупо содир намешавад?

Чаро асали Тоҷикистон ба Аврупо содир намешавад?
Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо тонна асал истеҳсол гардида, мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баҳои баланд мегирад, вале дар рафҳои савдои Аврупо асали истеҳсоли мо мисли пешин ба фурӯш гузошта нашудааст.
Чаро сарфи назар аз эътироф, содироти асал ба Аврупо ғайриимкон аст? Кӯшиш кардем ба ин суол посух дарёбем.
 Дар Тоҷикистон чӣ қадар асал истеҳсол мешавад ва он ба куҷо меравад?Тайи даҳсолаи ахир истеҳсоли асал дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд. Агар дар аввали солҳои 1990-ум дар кишвар ҳамагӣ 60 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёфт, пас имрӯз шумори онҳо ба зиёда аз 260-280 ҳазор адад мерасад. Оилаи занбӯри асал ва ҳаҷми истеҳсоли асал аз садҳо тонна то 4-4,8 ҳазор тонна дар як сол зиёд шуд. Ин миқдор тақрибан 0,4-0,5 кг асал барои як кас аст, ки зиёдтар аз аксари кишварҳои қораи Осиё ва камтар аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ аст.

Вале сарфи назар аз афзоиши истеҳсол, содирот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2024 аз Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 2,3 тонна асал содир шуда, ҳамзамон воридот 4,2 тоннаро ташкил додааст. Маълумоти оморӣ ба ҳаҷми назарраси фарқият байни миқдори асали воридшуда ва содиргардида ишора карда, ҷой доштани мушкилоти ҷиддӣ дар самти роҳ ёфтан ба бозорҳои берунаро тасдиқ месозад.


Чаро нархи асал аз ҳамдигар фарқ доранд?Нархи миёнаи чаканаи 1 кг асал дар Аврупо ҳудуди 15 евроро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нархи яклухти он, ки арзиши худи асалро инъикос мекунад, ҳамагӣ 2-4 доллар аст. Ин фарқият бо он маънидод мешавад, ки дар савдои чакана асал аллакай дар зарфҳо, бо  борҷома, бастабандӣ ва реклама, инчунин бо назардошти ҳамаи хароҷот ба нақлиёт ва корҳои бастабандӣ фурӯхта мешавад.

Асал аз Тоҷикистон асосан ба сифати ашёи хом бидуни коркард ва тамғагузорӣ фурӯхта шуда, ин тарзи пешниҳод арзиши онро паст ва барои харидорони байналмилалӣ на он қадар ҷолиб мекунад.



Тоҷикистон ҳоло ба содироти асал ба Аврупо роҳ дода нашудаастБарои ба бозори Иттиҳоди Аврупо (ИА) роҳ ёфтан ба асали Тоҷикистон танҳо «сифати баланд"-и маҳсулот, кофӣ нест. Дар меъёрҳои аврупоӣ риояи як қатор талабот ҳатмӣ буда, Тоҷикистон ҳоло натавонистааст аз ҳамаи марҳилаи зарурии санҷишҳо гузарад.

«Бо вуҷуди шароити мусоид барои рушди парвариши занбӯри асал дар кишвар, истеҳсол ва содироти асал мисли пешин ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯ нестанд», — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш. Ӯ он замон ба зарурати такмили низоми назорати сифат ва дарёфти гувоҳинома ишора карда буд.

Барои ба содироти асал ба Иттиҳоди Аврупо роҳ додан, Тоҷикистонро лозим аст, ки аз якчанд марҳилаи ҳатмии санҷиш гузарад.
Нахуст кишвар бояд ба рӯйхати расмии кишварҳои сеюме шомил гардад, ки ба онҳо содироти асал ба Аврупо иҷоза шудааст. Сониян, таҳияи барномаи миллии мониторинги пестисид ва антибиотикҳо, инчунин озмоишгоҳҳои сабтшудаи қодир ба санҷиши асал ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои аврупоӣ зарур аст.



Айни замон Тоҷикистон ин марҳилаҳоро паси сар накардааст. Сарфи назар аз таҳия шудани барнома мониторинги боқимондаҳо (пасмондаҳо), он ҳоло дар Комиссияи Аврупо тасдиқ нашуда, монеаи асосӣ барои содироти асал ба ИА боқӣ мемонад.
 Мушкил на дар асал, балки дар низоми назорат астВақте ки асалро ба ташхис мефиристанд, натиҷаҳо на ҳама вақт қаноатбахш мебароянд. Дар яке аз таҳқиқоти чанде пеш дар Олмон дар асал пестисидҳо дарёфт нашуд, лекин тақрибан дар нисфи озмоишҳо боқимондаҳои антибиотикҳо ва дар баъзе ҳолатҳо — барзиёдӣ дар меъёрҳои иҷозагардида ошкор шуд.

Ин барои роҳ ёфтан ба бозорҳои аврупоӣ аллакай монеъаи ҷиддӣ мешавад. Дар ин бозор чунин мавод қотеъона назорат шуда, амалан дар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ дода намешавад.


«Маводи кимиёвӣ ба ҳалокати занбӯрҳо боис мегарданд. Занбӯриасалпарварон бояд моро аз истифодаи чунин мавод дар қитъаҳояшон огоҳ кунанд», — мегӯяд Абдуғанӣ Тошматов аз Хуҷанд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул аст.

Ӯ муҳиммияти назорат аз болои маводи кимиёвиро, ки метавонанд ба сифати асал таъсир расонанд, таъкид месозад.


Мушкилоти замин: оилаҳои занбӯри асал, кадрҳо, логистикаБарои роҳ ёфтан ба бозори ИА натанҳо монеаҳои маъмурӣ (бюрократӣ) халал мерасонанд. Ин соҳа ба мушкилоти бештар заминӣ дучор аст. Дар навбати аввал, ин оилаҳои хурд, ки муттаҳид карданашон барои таъмини устувор душвор аст. Ба Тоҷикистон кооперативҳо  (ширкатҳо) заруранд, ки тавонанд асалро аз оилаҳои занбури асали гуногун ҷамъоварӣ карда, мутобиқсозӣ ва бастабандии ягонаи онҳоро барои содирот таъмин кунанд.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон мушкили норасоии маконҳои нигаҳдорӣ (анборҳо) ва иқтидорҳои коркард ҷой дорад. Ин ҳамчунин, ба коркарди босифат монеъа эҷод карда, он дар навбати худ, содироти онро душвор месозад.



Роҳи асали Тоҷикистон аз ИДМ ба АврупоТоҷикистон аз асали худ ифтихор дошта, онро беҳтарин дар ИДМ меномад, вале барои бозорҳои Аврупо  бехатарӣ, ҷой надоштани ифлосиҳо, қобили таҳқиқ будан ва аслӣ будани маҳсулот муҳим аст.

Коршиносон ва шахсони машғул ба парвариши занбӯри асал эътироф мекунанд, ки асали Тоҷикистон бо тозагии экологӣ ва маззаи хуштаъми худ фарқ мекунад, лекин дар бозори ИА исбот кардани на танҳо сифати баланд, балки бехатарии комил дар ҳамаи марҳилаҳо — аз истеҳсол то интиқол лозим аст.



Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои дар рафҳои савдои мағозаҳои аврупоӣ қарор гирифтани асали Тоҷикистон анҷом чунин корҳо зарур аст:

— ба охир расонидани ҷараёни тасдиқи барноми миллии мониторинги боқимондаҳои пестисид ва антибиотикҳо;

— таъсиси озмоишгоҳҳои сабтшуда (гувоҳномадор) бо қайди байнулмилалӣ;

— омӯзиши занбӯриасалпарварон ва кишоварзон барои пешгирии истифодаи бидуни назорати маводи кимиёвӣ;

— рушди кооператсия (шарикӣ) ва коркард, то ки таъмини устувор роҳандозӣ шавад;

— ҷорисозии низоми таҳқиқ ва назорати сифати асал дар ҳамаи марҳилаҳо;

— кор кардан рӯйи беҳтар сохтани бастабандӣ, тамғагузорӣ ва бозорёбӣ (маркетинг)-и асал.

Аммо ин танҳо як қисмате аз талабот ба маҳсулот аст. Дар асл талабот хеле бисёр буда, ҳамаи онҳо бояд иҷро шаванд, то ки Тоҷикистон тавонад муваффақона бо истеҳсолкунандагони асал дар Аврупо рақобат кунад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий