Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҷамъомади тамринии даста аз 14 то 24 январ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яккачинҳои Қирғизистон (16 январ), Индонезия (20 январ) ва Арабистони Саудӣ (20 январ) рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
Сарчашма: khovar.tj
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
Сарчашма: khovar.tj
Комментарии (0)