< Азизбек Ҳаитов “Равшан”-ро бо “Регар-ТадАЗ” иваз намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Азизбек Ҳаитов “Равшан”-ро бо “Регар-ТадАЗ” иваз намуд

Азизбек Ҳаитов “Равшан”-ро бо “Регар-ТадАЗ” иваз намуд
​Тибқи иттилои манбаъ байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкории дарозмуддат ба имзо расида шудааст.

Азизбек Ҳаитов дастпарвари тими шаҳри Турсунзода буда, аз хурдӣ дар системаи ин бошгоҳ машқу тамрин карда ба воя расидааст. Ӯ қаблан то тобистони соли 2022 дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» бозӣ карда, дар идома як муддат дар сафи дастаҳои «Динамо» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Равшан» (Кӯлоб) ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло бо гузашти се сол ӯ ба ҳайати дастаи аслии худ баргашт.

Ёдовар мешавем, ки Азизбек Ҳаитов тайи солҳои охир пайваста ба ҳайати тими миллии кишвар ҷалб мешавад. Инчунин, ӯ қаблан дар сафи дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон низ бозӣ кардааст.

Ҳамчунин, ниммуҳофизатгари ботаҷриба Нозим Бобоҷонов боз як соли дигар дар «Регар-ТадАЗ» боқӣ мемонад. Қарордоди ҳамкорӣ байни даста ва Нозим Бобоҷонов то охири мавсими 2026 тамдид карда шуд.

Ниммуҳофизатгар Абдураҳмон Нозимов ба ҳайати «Регар-ТадАЗ» ҳамроҳ шуд. Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба имзо расид. Абдураҳмон Нозимов дар бошгоҳҳои «Ҳосилот»  ва «Равшан»  ҳунарнамоӣ кардааст.

Ниммуҳофизатгар Шарафҷон Солеҳов пас аз хотимаи муҳлати қарордоди ҳамкорӣ сафи «Регар-ТадАЗ"-ро тарк намуд. Шарафҷон ду соли охир дар ҳайати «металургчиён» бозӣ карда, ҳоло ба сафи «Ҳосилот» гузашт.

Ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев тарки «Регар-ТадАЗ» карда, ба сафи «Теренггану» Малайзия пайваст.

Маврид ба зикр аст , ки «Регар-ТадАЗ» 12-уми январ ба мавсими нави соли 2026 омодагиро шуруъ мекунад. Дар ин давра дар баробари баргузор кардани тамринҳои барқарорсозӣ, ҳамчунин даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе иштирок мекунад.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий