< Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб

Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб
​Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмиву ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар сӯҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳодиса тахминан соати 20:00 –и рӯзи 11-уми январ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ рух додааст.

«Муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар задааст, ки дар натиҷа ба дили Муҳаммадалӣ яке аз наврасон корд задааст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст, ҳатто то беморхона рафтан фурсат надошт. Кордча дар тарафи дилаш 12 сантиметр даромадааст»,-гуфт устоди варзишгар.
Ба гуфтаи Валиев, падари Муҳаммадалӣ, баъди шунидани марги писараш имрӯз, 12-уми январ, аз Русия ба Тоҷикистон омадааст.
Ҷанозаи Саъдуллоев имрӯз вақти намози пешин дар шаҳраки 10-уми шаҳри Кӯлоб хонда шуда, ҷасадашро ба хок супурданд.

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар пайи он ҳамчунин, ду нафари дигар захмӣ шуда, ҳоло дар беморхона бистарианд. Вале нагуфтанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса чанд нафар боздошт шудааст.

Мақомоти қудратӣ то ба ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гуфтанд, «дертар ин ҳодисаро шарҳ медиҳем».

Бояд гуфт, навори муноқишаи гуруҳе аз наврасон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор иштироки дастикам 7 наврас дида мешавад. Дар пайи занозанӣ яке аз онҳо захмӣ шуда, ба замин меафтад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар шиносномаи варзишгар дарҷ шудааст ӯ мутаваллиди соли 2010 будааст, аммо дар як ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда, ки дастраси «Азия-Плюс» шуд, соли таваллуди Муҳаммадалӣ 2007 навишта шудааст.

Камол Валиев гуфт, ки дар робита ба гуногун будани соли таваллуди шогирдаш маълумоти дақиқ надорад ва хонаводааш, ки огоҳанд, «дар ин вазъ сӯҳбат карда наметавонанд».

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати кушта шудани ноболиғон дар пайи задухӯрди гуруҳӣ нест. Моҳи ноябри соли гузашта  дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст. 

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий