ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2024 квотаи доварон барои Тоҷикистон зиёд карда шудааст. Ба рӯйхати ФИФА 18 намояндаи Тоҷикистон дохил гардид — ҳафт довари ФИФА, ҳашт ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА.
Илова бар ин, чор довари тоҷик — Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба рӯйхати расмии видеодоварони ФИФА дохил карда шуда, ҳақ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ кунанд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)