< Ҳалқаи газ дар Осиёи Марказӣ. Оё бунёди он имконпазир аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалқаи газ дар Осиёи Марказӣ. Оё бунёди он имконпазир аст?

Ҳалқаи газ дар Осиёи Марказӣ. Оё бунёди он имконпазир аст?
​Коршиноси соҳаи нафту газ аз Қазоқистон Аскар Исмоилов пешниҳод кардааст, ки «Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад. Он метавонад низомҳои интиқоли гази панҷ кишварро ба шабакаи ягона мисли Низоми муттаҳидаи ягонаи энергетикии минтақа муттаҳид созад. То кадом андоза ин воқеист?

Зимни суханронӣ дар Форуми байнулмилалии Central Asia Oil & Gas, ки аввали моҳи ноябр дар Тошканд баргузор шуд, Исмоилов зикр кард, ки газ на танҳо сӯзишворист, балки як тарзи ҳарф задан ба як забон аст, «зеро зерсохтори умумӣ метавонад кафили устуворӣ барои тамоми Осиёи Марказӣ бошад». Гуфтаҳои ӯро портали таҳлилии spik.kz овардааст.

Тибқи ҳисобу китоби ӯ, пешниҳоди ироашуда тавозуни интиқоли мавсимиро таъмин ва хавфҳои ба вуҷуд омадани буҳронҳои энергетикиро мисли ду соли пеш дар Тошканд коҳиш медиҳад ва барои таъмини мунтазами Қирғизистон ва Тоҷикистон бо газ имкон фароҳам меорад.

Ташаббуси Исмоилов аз ҷониби иштирокчиёни форум дастгирии васеъ ёфт. Роҳбари Маркази глобалии газ Валери Дюкро лоиҳаро «меъмории нави ҳамкории энергетикии Осиёи Марказӣ» унвон кард ва зикр намуд, ки он «барои амалисозӣ имконоти бузург дошта, ба нафъи воқеии ҳамаи иштирокчииён аст».

Дюкро бар ин назар аст, ки сиёсати ҳамгироишудаи минтақавӣ дар соҳаи газ ба ҷалби сармоягузориҳои нави байнулмилалӣ қодир буда, бунёди зерсохтори умумӣ ба баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва устувории интиқол дар пасманзари тағйирёбии глобалӣ мусоидат мекунад.

Бино ба арзёбии портали қазоқистонии таҳлилии SPIK, агар «ҳалқаи газ» амалӣ шавад, он лоиҳаи калидии зерсохтории даҳсола хоҳад шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо тариқи лӯлаву қубурҳо, балки манфиатҳои умумӣ муттаҳид месозад. Гузашта аз ин, онҳо бар ин назаранд, ки ташаббуси Исмоилов ба таъмини амнияти энергетикии минтақа қодир аст.

Мутахассисони созмони таҳқиқотии SpecialEurasia аҳаммияти лоиҳаро барои меъмории энергетикии Осиёи Марказӣ ва имконоти онро аз лиҳози таҳкими устувории минтақавӣ таъкид кард.

«Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат лоиҳаи „Ҳалқаи газ“ ҷиҳати табдил ёфтан ба яке аз таркибҳои калидии амнияти энергетикии минтақа қодир аст. Он метавонад ба устувории интиқол, баланд бардоштани ҷолибияти минтақа ба сармоягузорӣ ва густариши робита дар соҳаҳои нақлиёту энергетика мусоидат намояд.
Барои Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ин имконоти иловагии содиротӣ  ва афзоиши даромад ва барои Қирғизистону Тоҷикистон таъмини боэътимоди интиқол ва ҳамгироӣ ба шабакаи бештар васеъи зерсохторро боз мекунад.

Шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Чин ва Иттиҳоди Аврупо низ эҳтимол тариқи маблағгузорӣ ва рушди зерсохтор ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Русия ҷиҳати иштирок дар нархгузорӣ ва логистика талош хоҳад варзид», — таъкид доштаанд онҳо.

Тибқи ҳисобу китоби Исмоилов, масофаи ҳалқаи асосӣ ҳудуди 3000-3500 км лӯлаҳои шоҳроҳиро ташкил медиҳад.

«Дар ҳамаи ин қитъаҳо иваз талаб мешавад, лекин қисмати зиёди он ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Тахминан 4-5 млрд доллар лозим аст. Ба ин маблағ ҳам сохтмони қитъаҳои нав ва ҳам таъмиру навсозии қитъаҳои кӯҳна дохил мешаванд.
 Ҳудуди 30-40%-и онҳо ба сохтмони нав ва 60-70% ба таъмиру навсозии қубурҳои интиқолии мавҷуда рост меоянд.
Дар ифодаи пулӣ ин тахминан 1,5-2 млрд доллар барои лӯлаҳои нави интиқоли газ ва 2,5-3 млрд доллар барои таъмиру навсозии лӯлаҳои шоҳроҳӣ (таъмир/ивази қубурҳо, истгоҳҳои фишор, низоми назорат) аст», — хулоса кардааст ӯ.

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Туркманистон, нисбат ба содирот, бештар гази табиӣ ворид мекунанд (нетто-воридкунанда). Тибқи маълумоти Созмони кишварҳои содиркунандаи газ ё худ ОПЕК, Туркманистон ба панҷгонаи пешсафони дорои захираҳои бузурги ин навъи сӯзишворӣ (пас аз Русия, Эрон, Қатар ва ИМА) дохил мешавад.    ТуркманистонТибқи маълумоти Раёсати иттилооти энергетикии ИМА, то 1 январи соли 2025 захираҳои собитшудаи гази табиӣ дар Туркманистон 400 трлн фути мукааб (11,33 трлн метри мукааб)-ро ташкил медиҳанд. ров), Дар ин бора newscentralasia.net хабар медиҳад.
Дар соли 2023 истихроҷи гази табии хушк (поккоришуда аз омехтаҳо — Эзоҳи идора)  дар Туркманистон 3,9 тарлн мукааб фут (85 млрд метри мукааб ва истифодаи он — 1,6 трлн. мукааб фут (45 млрд метри мукааб)-ро ташкил додааст.

Мақомоти Туркманистон бошанд, захираҳои гази табиии худро 4,5 баробар зиёдтар — 50 триллион метри мукааб арзёбӣ мекунанд.

Воридкунандаи асосии газ аз Туркманистон Чин мебошад (бо лӯла тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон) мебошад. Ҳамчунин Эрон, Ткркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ аз ин кишвар газ мегиранд.
ҚазоқистонЗахираҳои собитшудаи Қазоқистон, тавре ки inform.kz бо истинод ба Кумитаи геологияи Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон хабар медиҳад, 3,8 триллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, British Petroleum хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти онҳо, ҳаҷми захираҳои собитшудаи газ дар Қазоқиситон ба 2,3 триллион метри мукааб баробар аст, ки нишондиҳандаи 15-ум (1,2% аз ҳаҷми умумии захираҳои ҷаҳонӣ) мебошад.

Чунин номувофиқатиро дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон «ҳиссаи зиёди ҳамроҳи гази нафтӣ дар захираои газии Қазоқистон ва фарқиятҳо дар методикаи ҳисобу китоби захираҳо маънидод карданд, ки тибқи онҳо, ояндаи наздик ҷумҳурӣ гузаштан ба меъёрҳои байнулмилалиро ба нақша гирифтааст».

Дар радабандӣ оид ба захираҳои газ ОПЕК Қазоқистонро бо захираи ҳудуди 1,9 триллион метри муккаб дар зинаи 19-ум ҷой додааст.
Ба қавли Аскар Исмоилов, аз соли 2023 Қазоқистон ба кишварри нетто воридкунандаи газ (воридот аз содирот зиёдтар) табдил ёфтааст.
«То соли 2030 норасоӣ метавонад ба 10 млрд метри мукааб расад. Аз як тараф, афзоиши талаботи дохилӣ нишондиҳандаи мусбати болоравии иқтисод аст. Вале аз ҷониби дигар бошад, мо дида истодаем, ки ҳаҷми истеҳсоли газ ба сифати маҳсулот афзоиши талаботи дохилӣ ва уҳдаориҳо барои содироти моро рӯйпӯш намекунад», — иброз доштааст ӯ.
Барои рӯйпӯш сохтани истифодаи дохилӣ дар давраҳои талаботи баланд, Қазоқистон газро аз Русия ва Турркманистон ворид мекунад.

ӮзбекистонЗахираҳои гази табиӣ дар Ӯзбекистон, тибқи маълумоти «Узбекнефтегаз», 1,13 триллион метри мукаабро ташкил медиҳанд.
Аз ҳаҷми умумии газ 940 млрд метри мукааб ба захираҳои тасдиқшудаи категорияи АВС1 рост омада, боқимонда 195 млрд метри мукааб ба категоияи С2 дохил мешаванд, ки ба захираҳои пешакӣ кашфшуда дохил мешаванд.

Дар солҳои беҳтарин кишвар то 70 млрд метри мукааб газ истихроҷ мекард, лекин солҳои ахир коҳиши ҳаҷми истихроҷ оғоз ёфт. Масалан, соли 2024 ҳаҷми истихроҷи газ 4,5% кам шуд. Ин ба камшавӣ ва фарсудашавии чанде аз конҳо рабт дода мешавад.

Дар давраи зимистон Ӯзбекистон тайи солҳои ахир барои қонеъ сохтани истеъмоли дохилӣ аз Туркманистон ва Русия газ ворид мекунад. Сабаби асосии воридот давраҳои авҷи мавсими истеъмол, бахусус дар фасли сармо унвон мешавад.

Гази Туркманистон барои амнияти энергетикии Ӯзбекистон муҳим буда, гази Русия манбаи эҳтиётӣ аст. Минбаъд Ӯзбекистон имкони гуногунсамт сохтани воридот тариқи лоиҳаҳои зерсохторӣ бо кишварҳои ҳамсояро баррасӣ мекунад.

Дар рӯйхати ОПЕК аз рӯйи захираҳои гази табиӣ Ӯзбекистон бо захираи 1,5 триллион метри мукааб дар мақоми 22-юм дар ҷаҳон қарор дорад.
ҚирғизистонЗахираҳои расман собитшудаи гази табиӣ дар Қирғизисон тақрибан 6 млрд метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Дар як қатор манбаъҳо пештар баҳогузории геологии захираҳо (на ҳатман истехҷромешуда) — то 26 млрд метри мукааб зикр мешуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, соли 2024 ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ дар ин кишвар ҳудуди 30 млн метри мукаабро ташкил додааст.

Ин миқдор барои таъмини ҳиссаи назарраси талаботи дохилӣ хеле ночиз буда, ба ин тариқ, истихроҷи худӣ бештар на нақши заминавӣ, балки иловагиро мебозад.

Ҳаҷми воридот даҳҳо миллион метри мукааб дар як солро ташкил медиҳанд, ки тақрибан ба қариб 90-95%-и истифода дар кишвар мувофиқ аст.
ТоҷикистонБино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои гази табиӣ дар кишвар 3 млрд метри мукаабро ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои дигар ин захираҳоро то 6 млрд метри мукааб арзёбӣ мекунанд.

Ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 тибқи маълумоти расмӣ, 362,4 ҳазор метри мукааб ва ҳаҷми воридот — 267 млн метри мукаабро ташкил додааст. Ин маънои онро дорад, ки кишвар қариб пурра ба воридоти газ вобаста аст. Воридот истисноӣ аз Ӯзбекистон сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи Бохтар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи маҳсулоти нафту газ ва сӯзишворӣ машғул аст. Нахуст аз соли 2008 корҳо аз рӯйи ин лоиҳаи бузургмиқёси нафту газ аз ҷониби ширкати Tethys Petroleum-и Канада гузаронида мешуданд. Соли 2011 Tethys аз кашфи захраҳои бузурги нафту газ хабар дод, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги байнулмиллӣ, аз ҷумла Total и CNPC-ро ҷалб кард.
Аммо дар соли 2013 бар асари мушкилоти молиявӣ ва тадорукотии пайдошуда, Tethys маҷбур шуд, ки лоиҳаро тарк кунад ва аз соли 2015 корпоратсияи нафту гази CNPC-и Чин ва ширкати Total-и Фаронса иштирокчиёни асосии он шуданд. Соли 2017 додгоҳи байнулмилалии ҳакамӣ амалҳои Tethys-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, соли 218 ширкат расман аз лоиҳа хориҷ шуд.

Пас аз хориҷ шудани Total, CNPC ягона иштирокчӣ боқӣ монда, ба амалисози лоиҳа идома медиҳад. Моҳи марти соли 2024 парлумони Тоҷикистон интиқоли ҳиссаи иштирок дар лоиҳаи Бохтар аз Total ба нафъи корпоратсияи CNPC-и Чинро тасдиқ кард.

Ҳамчунин аз соли 2005 корхонаи фаръии «Газпром"-и Русия дар ғарби кишвар ба ҷустуҷӯи маҳсуоти нафту газ ва сӯзишворӣ машғул буд, лекин дарёфти шохаҳои кофии саноатӣ (шохаҳо — исботи мавҷуд будани захираҳои бузурги нафту газ аст — Эзоҳи идора) барояш муяссар нагардид.

Ба ин тариқ, захираҳои газ ва зерсохтори заминавӣ дар минатқа мавҷуданд, лекин барои амалисозии муваффақонаи лоиҳаи «Ҳалқаи газ» ба гумони ғолиб, анҷоми корҳои назарраси таъмиру навсозӣ, сохтмони қитъаҳои нав ва ҷалби сармоягузорӣ лозим меояд.

Сарчашма: asiaplustj.info
​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий