< Замир Кобулов: "Созишномаи низомии бо Толибон басташуда ба таъмири таҷҳизоти сохти Русия нигаронида шудааст" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Замир Кобулов: "Созишномаи низомии бо Толибон басташуда ба таъмири таҷҳизоти сохти Русия нигаронида шудааст"

Замир Кобулов: "Созишномаи низомии бо Толибон басташуда ба таъмири таҷҳизоти сохти Русия нигаронида шудааст"
​Хабаргузории «РИА Новости» рӯзи душанбе, 1-уми июн, гузориш додааст, ки Кобулов ин тавофуқномаро «дуруст ва амалӣ» хонда ва гуфтааст, ки бар асоси қонунҳои Русия, ҳар гуна ҳамкории низомӣ-фаннӣ ниёзманди як чорчӯби ҳуқуқии мушаххас аст.

Ӯ афзудааст, ки Толибон беш аз ҳар чиз ба таъмир ва бозсозии таҷҳизоти низомии сохти Русия, ки дар Афғонистон мавҷуд аст, алоқаманд ҳастанд.

Русия ва гурӯҳи террористии Толибон ин тавофуқномаро 27-уми май дар ҷараёни Маҷмаи байналмилалии амниятӣ, ки аз 26-ум то 29-уми май дар Маскав баргузор шуда буд, имзо карданд.

Вазорати дифои Толибон низ пештар эълом карда буд, ки кори амалӣ барои иҷрои ин созишнома дар рӯзҳои оянда оғоз хоҳад шуд.
Ин тавофуқ дар ҳоле имзо шудааст, ки Русия дар солҳои охир равобити худро бо Толибон густариш дода ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни ду тараф афзоиш ёфтааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий