< Созмони Милал хостори таваққуфи даргириҳо дар Лубнон шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созмони Милал хостори таваққуфи даргириҳо дар Лубнон шуд

Созмони Милал хостори таваққуфи даргириҳо дар Лубнон шуд
​Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал рӯзи душанбе, 1-уми июн, гуфтааст, ки ин созмон аз афзоиши фаъолиятҳои низомӣ дар ҷануби Лубнон ва аксари минтақаи ин кишвар «амиқан нигарон» аст.

Ӯ афзудааст: «Аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем ба таваққуфи даргириҳо эҳтиром бигузоранд ва аз ҳар гуна ташдиди бештари танишҳо худдорӣ кунанд.»

Ҳамзамон, Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба дархости Фаронса қарор аст имрӯз нишастеро барои баррасии вазъи Лубнон баргузор кунад.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки даргириҳо ва танишҳои низомӣ дар Лубнон дар рӯзҳои охир афзоиш ёфта, нигарониҳои байналмилалиро дар бораи густариши ноамнӣ дар минтақа барангехтааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий