Трамп: "Тавофуқ бо Эрон дар мавриди оташбас ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз дар ҳафтаи оянда мумкин аст"
Трамп рӯзи душанбе, 1-уми июн, дар гуфтугӯ бо шабакаи «ABC News» гуфтааст, ки ҳанӯз тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст ва танҳо бархе мавридҳо боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал шаванд.
Ӯ иддао кардааст, ки ин тавофуқ метавонад заминаи тамдиди оташбас ва бозгушоии яке аз муҳимтарин масирҳои транзитии нафт дар ҷаҳонро фароҳам кунад.
Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки бо вуҷуди пешрафт дар гуфтугӯҳо, ҳанӯз бар сари як тафоҳумномаи расмӣ бо Эрон ба тавофуқ нарасидааст, зеро ба гуфтаи ӯ, «ҳанӯз бояд чанд нуктаи дигар ниҳоӣ шавад».
Трамп ҳамзамон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин раванд дар рӯзҳои оянда ба натиҷа мерасад ва тавофуқи ниҳоӣ эълом хоҳад шуд.
Ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки талошҳо барои коҳиши танишҳо миёни Эрон ва Амрико ва таъмини амнияти масирҳои баҳрӣ дар минтақа ҳамчунон идома дорад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)