Садамае, ки тӯйхонаро мотамхона кард. Марги 4 кас дар пайи садамаи қатори мошинҳои тӯй
Дар пайи садамае дар шоҳроҳи Данғара–Леваканди вилояти Хатлон, ки дар рӯзи тӯй рух дод, 4 тани наздик ба домодо ҷон бохта, 4 каси дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин бора Давронбек Мусоев, муовини сартабиби Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба «Азия-Плюс» хабар дод.
Ин ҳодиса рӯзи 27-уми декабр дар ҳоле рух додааст, ки қатор ё «кортеж» -и мошинҳои домод барои овардани арӯс аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мерафтааст.
«Як мошини барқӣ аз ин қатор ба худрави тамғаи „Лексус“, ки аз ҷониби муқобил ҳаракат доштааст, бармехӯрад», — гуфт манбаъи мо.
Дар натиҷаи он, се мусофири мошини барқӣ — Субҳони Сафари 17-сола (додари домод), Нур Шамсиддинови 42-сола (амаки домод), Ҳафиза Шамсиддиноваи 15-сола (духтари Нур Шамсиддинов) ва ронанда, ки дӯсти домод буд, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд. Се тан аз хеши домод сокинони ноҳияи Восеъ буда, дӯсташ аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст.
Намози ҷанозаи се ҷонбохта дирӯз, 28-уми декабр, дар масҷиди деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Восеъ хонда шуда, ҷасадҳояшон дар қабристони деҳаи Навободи ҳамин ноҳия ба хок супурда шудаанд. Ҷасади ронандаи мошини барқиро дар зодгоҳаш гӯрондаанд.Read more: Давронбек Мусоев, муовини сартабиби Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба «Азия-Плюс» гуфт, ки 4 мусофири мошини «Лексус» ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Леваканд бистриянд.
Сабаби садама маълум нест. Мақомот то кунун расман дар ин бора иттилоъе надодаанд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунанд, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)