Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори тоҷик ва ташкилоти маъруфи «UFC» маълум нест. Вале аксаран, сабаби ин тасмимро ба беш аз як сол ширкат накардани ӯ дар мусобиқаҳо маънидод мекунанд.
Вале худаш чанд рӯз пеш, бо нашри як паём дар саҳифаи «Инстаграм"-аш шарҳ дод, ки чанд моҳи охир барои ӯ хеле душвор буд: ӯ се маротиба пай дар пай ҷароҳат бардошт ва қарор кард, ки вазнро иваз кунад ва ба дивизиони 77 кг гузарад. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи ин дар маҷмӯъ имкон надод, ки «ритм"-и рақобатии худро нигоҳ дорад.
Лоиқ Раҷабов, ки ҳамчунин бо «Танки тоҷик» машҳур аст аз соли 2012 инҷониб дар мусобиқаҳои касбии муҳорибаҳои омехта (ММА) ширкат мекунад. Дар умум, ин размикори тоҷик дар ММА 25 рақобат баргузор карда, 18 пирӯзӣ, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Лоиқ Раҷабов соли 2023 бо ин ташкилот шартнома баста буд. Ӯ дар доираи «UFC» 4 муҳориба баргузор карда, дар дутояш пирӯз ва дар дутои дигар мағлуб шуда буд. Дар охирин муборизаи худ, дар моҳи июли соли 2024, Раҷабов дар «UFC on ESPN 60» аз Трей Огдени амрикоӣ мағлуб шуда буд.
Ҳамакнун, баъди берун гардидани Лоиқ Раҷабов аз ташкилоти «UFC», дар он се размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров боқӣ монданд, ки ҳеҷ кадомашон ба феҳристи 15-гонаи беҳтаринҳои вазни худ ворид нашудаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)