< «ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид

«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
​Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши занону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Иброз шуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат саҳми занону духтарони бонангу номуси Ватанро дар пешрафти мамлакат ҳамеша қадрдонӣ намуда, аз заҳмату талоши онҳо барои бунёди ояндаи ободу осуда ифтихор дорад.

Дар ҳамоиш масоили баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва татбиқи минбаъдаи сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа афзалияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

«Боварӣ дорам, ки занону модарони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ „Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва „Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак“, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.
Иштирокчиёни ҳамоиш изҳор намуданд, ки занонро зарур аст ҷавобан ба дастгирию ғамхорӣ ва эътимоди Сарвари давлат аз шароити фароҳамоварда истифода бурда, сазовори боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ силсилачорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ баргузор мекунад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий