< Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
​Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода иброз намуд, ки моҳҳои декабр ва январ бинобар ҳолати риоя накардани беҳдошти шахсӣ аз ҷониби шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон бемориҳои зуком, зардпарвин, заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳо, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити хона ва ошхонаҳои мактаб афзоиш ёфта, инчунин бар асари пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ бемориҳои шадиди роҳи нафас ба мушоҳида мерасанд.

Мушкилоти асосӣ- риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ, аҳамият надодан ба шустани дастон, сифати пасти хӯришу хӯрокҳо, нокифоя будани фарҳанги беҳдоштӣ ва ғайра мебошанд.

Аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ корҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардидаанд. Ҳамзамон барои сари вақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводи безараргардонӣ ҷудо карда шудааст.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий