< Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин авлавияти Тоҷикистонро дар се ченаки ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо — низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ муаррифӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба воқеаҳои нохуше, ки ҳафтаи гузашта дар сарҳад бо Афғонистон рух дода буданд, зарурати тавсеаи ҳамкориро байни кишварҳои иштирокдори Созмон барои вокуниш ба хатарҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таъмини ба роҳ мондани ҳадафҳои Созмон дар кулли минтақаи он иброз дошт.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий