Сомон, Беҳрӯз ва чор ҷудочии дигар Тоҷикистонро дар “Tokyo Grand Slam-2025” муаррифӣ мекунанд
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 6 ҷудочӣ, аз ҷумла, Обид Ҷебов ва Мусанниф Миробов (то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (то 90 кг) ва Муҳсин Малаев (то 100 кг) муаррифӣ мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизаи молӣ тақдим шуда, инчунин, ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз ба даст меоранд.
Зикр мегардад, ки дар мусобиқаи «Tokyo Grand Slam-2025» то ҳол 327 ҷудочӣ аз 44 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)