“Истиқлол” дар бозии ҷавобӣ ҳам аз “Ан-Наср” шикаст хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст
Дастаи «Истиқлол"-и Тоҷикистон дар рақобат бар муқобили тими «Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ба бохти калон рӯ ба рӯ гардид.
Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «D» сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳои «Ан-Наср"-ро Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.
Сараввал, Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ дар дақиқаи 12-ум аз ҷаримаи 11-метра ё пеналтӣ ҳисобро боз кард. Баъдан 5 дақиқа қабл аз поёни қисми аввали бозӣ Муҳаммад Симакан бори дуввум ба дарвозаи «Истиқлол» гол зад.
Садио Мане дар дақиқаи 84-ум бори сеюм ва Айман Яҳё дар дақиқаҳои иловагӣ (90+2) маротибаи чаҳорум дарвозаи истиқлолро рахна кард.
Пас аз ин бохт, мавқеи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд.
Тими «Ан-Наср» баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)