< Нишасти хабарии пеш аз бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар Ҳисор доир мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нишасти хабарии пеш аз бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар Ҳисор доир мешавад

Нишасти хабарии пеш аз бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар Ҳисор доир мешавад
Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо — Игор Черевченко («Истиқлол») ва Жоржи Жезуш («Ал-Наср»), инчунин бозигарони дастаҳо посух хоҳанд дод.

Ба диққати рӯзноманигорон мерасонем, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозиҳои «Истиқлол» гирифта буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи «D» тими «Ал-Наср» бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. «Ал-Завраа» ва «Истиқлол» соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. «Гоа» бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.

Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий