< Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд

Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд
​Нишаст таҳти ҳамраисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос баргузор шуд.

Аснои чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи сиёсӣ, вазъи мушорикати тиҷоратию иқтисодӣ ва имконоти ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳо марбут ба рушди «сабз», пайванди нақлиётӣ ва рақамӣ, ҳамкорӣ дар самти истихроҷу коркарди ашёи хоми муҳим, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавии мавриди алоқа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷаласа дар фазои созанда баргузор шуда, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий