< Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид

Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ифтитоҳи ин марказ ба 25-солагии дастгирӣ ёфтани нахустин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, бахусус эълон гардидани «Соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза», ки соли 2000 зимни Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул гардида буд, бахшида шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва рушди дипломатияи об таъкид намуда, таъсиси чунин марказро  бо тамаркуз ба масъалаҳои илмӣ-омӯзишӣ муҳим ва саривақтӣ шуморид.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешсаф дар масъалаҳои об азм дорад, ки ояндаи наздик бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар Тоҷикистон «Маркази байналмилалии об» таъсис диҳад. Аз ин рӯ, ифтитоҳи ниҳоди имрӯза барои татбиқи ин иқдом ҳамчун таҳкурсӣ хизмат хоҳад кард.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий