< Оғози Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорони ҷудо дар Париж - Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорони ҷудо дар Париж - Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Оғози Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорони ҷудо дар Париж - Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд
​Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), иштирокчиён дар байни мардҳо ва занон, мутаносибан дар 9 гурӯҳи синну солӣ рақобат мекунанд. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо эҳёи рӯҳи варзишӣ, таҳкими дӯстиҳо миёни ҷудокорони насли пешин ва ҳифзи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо ҳайати 9 нафара ҳузур доранд. Ба ҳайати мунтахаби кишвар ҷудокорони таҷрибадор — Ҳабибулло Маҷидов, Азамат Исоев (-81 кг), Хайрулло Назриев (+100 кг), Холмаҳмад Шарипов, Саламшо Муҳаббатов, Бозоралӣ Маҳмудов  (-90 кг), Исмоил Исломов, Фарҳод Ризозода (-100 кг) ва Бахтиёр Исмоилов (-73 кг) шомиланд.

Ҷудокорони кишвари мо се гурӯҳи синну солӣ ба рақобат мебароянд ва барои шарафи парчами давлатии Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон аз 3-юм то 7-уми ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий