< Бохтар: Боздошту ҷаримаи се ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бохтар: Боздошту ҷаримаи се ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Бохтар: Боздошту ҷаримаи се ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ
​Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошту ҷаримаи се ҷавон дар Бохтар хабар медиҳад.

Дар иттолоия гуфта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонзан ва як нафар ҷавонмард инъикос ёфтааст. Муайян гардид, ки нафарони дар навор инъикосёфта Латипов Меҳровар Акбарович санаи таваллудаш 12.10.1995, сокини шаҳри Бохтар, Ҷураева Тоҷинисо Далерҷоновна санаи таваллудаш 25.01.2002 ва Ҷураева Нилуфар Далерҷоновна санаи таваллудаш 10.04.1995 ҳар ду хоҳарон истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷайҳун мебошанд.

«Зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Латипов Меҳровар дар вақти шабона ҳангоми машғул шудан ба кироякашӣ ба ҷавонзанон пешниҳоди хизматрасонӣ аз воситаи нақлиёт менамояд, дар ҳамин ҳол хоҳарон Ҷураеваҳо ҷавоби рад дода, ронандаро дашном менамоянд. Сипас байни онҳо дар оғоз муноқишаи лафзӣ ва баъдан аз гиребони ҳамдигар кашидан рух медиҳад», — зикр мегардад дар хабарномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба Латипов Меҳровар ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда баробар ба 750 сомонӣ ва нисбат ба хоҳарон Ҷураеваҳо ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳандагӣ баробар ба 525 сомонӣ таъин гардид.

Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий