< Ҳушдор аз омадани сел дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳушдор аз омадани сел дар Тоҷикистон

Ҳушдор аз омадани сел дар Тоҷикистон
​Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, боридани барфу борон дар ин рӯз эҳтимол сабаби омадани сел гардад.

Огоҳии Оҷонси ҳавошиносӣ дар ҳоле пахш мешавад, рӯзи 4-уми ноябр дар минтақаҳои кӯҳсори Тоҷикистон барфи аввал борид.

Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки дар минтақаҳои кӯҳсори вилоятҳои Суғд ва Хатлон барфи зиёд боридааст.
Дар ин рӯз ҳаракат дар баъзе роҳҳои кишвар, аз ҷумла роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд, ҳарчанд роҳ баста нашудааст.

Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки барои ин кор аз ронандагон маблағ мегирад, субҳи 5-уми ноябр навишт, ягона масир ба шимоли кишвар боз аст.

Ҳанӯз дар бораи хисорот дар пайи боридани барф хабаре нашр нашудааст.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий