< Зилзилаи сахт Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро ларзонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зилзилаи сахт Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро ларзонд

Зилзилаи сахт Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро ларзонд
​Ба гузориши марказҳое, ки заминларзаро сабт мекунанд, зилзила соати 1:29–и 3-юми ноябр ба вақти Душанбе рух додааст. Маркази заминшиносии Амрико навиштааст, маркази заминларза вилояти Балхи Афғонистон буд. Ларзиши замин дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам сабт шудааст.
Баъзе сокинони шаҳри Душанбе аз тарси такрори заминларза нимашаб ба берун баромадаанд. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли ахир чунин заминларзаи сахтеро надида буданд. Қувваи зилзиса дар пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин хисороти он маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Баъзе сокинон аз тарс ба берун баромадаанд:

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий