< Вазири нақлиёт тамбашавии роҳҳоро яке аз мушкилиҳои асосии соҳа номид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазири нақлиёт тамбашавии роҳҳоро яке аз мушкилиҳои асосии соҳа номид

Вазири нақлиёт тамбашавии роҳҳоро яке аз мушкилиҳои асосии соҳа номид
​​Азим Иброҳим, вазири нақлиёт рӯзи 17 октябр дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод аз вазъ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, тамбашавӣ сабаби дер мондани одамон ба кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва садамаҳо шуда, ба кори хадамоти фаврӣ мисли «Ёрии таъҷилӣ», халал ворид мекунад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабабҳои асосии тамбашавии мошинҳоро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт, рабт додааст.
Дар зимн, ин мушкилро муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Салимзода ҳам ба таҳлил кашида, гуфтааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумори мошинҳои шахсӣ дар шаҳр қариб 66 дарсад зиёд шудааст. Вай дар мақолае, ки дар «Паёми Душанбе» нашр шуд, гуфтааст, ки теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор баробар аст.

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, сабаби аслии тамбашавӣ, ворид шудани шумораи зиёди мошинҳо аз берун ба пойтахт аст. Ба гуфтаи Раҳмиддин Салимзода, дар як шабонарӯз аз шаҳру ноҳияҳои дигар беш аз 44 ҳазор мошин ба Душанбе ворид мешавад.
Зиёд шудани шумораи таксиҳо дар пойтахро ҳам муовини раиси шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои дигари эҷоди тамбашавӣ дар роҳҳо номидааст. Ҳоло ба навиштаи ин мақомдор, теъдоди таксиҳо дар пойтахт ба 12 000 адад расидааст.

Ба пешниҳоди Муовини раиси шаҳр, бунёди пулҳои болои роҳ ва ҷудо кардани хатти нақлиёти мусофирбар мисли кишварҳои дигар, метавонад вазъро беҳтар кунад.

Мардум дар пойтахт мегӯянд, тамбашавӣ ягона мушкили онҳо дар роҳҳо нест. Камбуди нақлиёти калони мусофирбар дар ҷодаҳои шаҳр ва беназм будани кори онҳову нархи роҳкироро сокинон аз мушкилиҳои асосии дигар дар роҳҳо меноманд.


Сарчашма:  ozodi.org​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий