Ҷаримаи беш аз 1300 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер”
Пулиси Душанбе дар пайи як амалиёти 10 рӯзаи «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» дар пойтахт беш аз 1 ҳазору 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар ин муддат, 1 ҳазору 250 ронандаи мошин барои набастани тасмаи бехатарӣ ва 60 ронандаи дучарха ва скутерҳои барқӣ барои қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ҷарима шудаанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки нисбати ронандагон барои набастани тасмаи бехатарӣбо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ маъмурӣ аз 37 ё 75 сомонӣ ё аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ шудаст.
«Ҳамзамон, нисбати беш аз 60 ронандаи дучарха ва скутери барқӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд»,-навиштааст манбаъ.
Маълум нест, ки онҳо чӣ қадар ҷарима шудаанд. Аз Раёстаи ВКД дар пойтахт ба «Азия-Плюс» танҳо гуфтанд, ки нисбати ронандагони дучарха ва скутер бо далелҳои гуногуни қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Назари худи ронандагон дар робита ба ин масъала маълум нест.
Дар ҳаимн ҳол, пулиси Душанбе, рӯзи 21-уми сентябр дар як гузориш хабар дода буд, дар ҷараёни амалиётҳои шартии ин ниҳод дар Душанбе 176 ҳазору 231 далели дигари қоидавайронкунӣ дар роҳро ошкор кардаанд.
Ҳамчунин ин ниҳод гфта буд, ки давоми соли равон дар Тоҷикистон дар пайи 140 садамаи «мототсикл"-у «скутер"-ҳо 51 тан ҷон бохта, 122 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)