Либоси мактабӣ. Масъулият ба дӯши мактаб, вазорат ва ё корхонаҳо?
Бо оғози соли нави хониш, теъдоде аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки мудирони мактаб онҳоро ба харидани либоси мактабӣ аз ширкатҳои махсус маҷбур мекунанд. Дар ҳоле ки ин либосҳо нархи гарону сифати паст доранд.
Аммо масъулини мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, либосҳои мактабие, ки дар ширкатҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, сифати беҳтар ва нархи камтар доранд, аммо бо ин ҳам касе ҳақ надорад, ки волидонро ба хириди он маҷбур кунад.
«Якеро гиру рав"Хабарнигори «Азия-Плюс» ду маротиба ба ду ширкати дӯзандагӣ — Корхонаи «Нассоҷии тоҷик» ва Корхонаи «Гулистони Душанбе» рафт ва андешаи масъулону харидоронро вобаста ба сифат ва нархи либосҳои мактабӣ пурсид.
Сараввал аз ярмаркаи либосҳои мактабӣ дар ширкати дӯзандагии «Гулистони Душанбе» боздид кардем. Аммо харидорон он ҷо кам буданд.
Аммо дар корхонаи «Нассоҷии тоҷик» муштариён зиёд буданд ва ҳатто назди хазина навбат меистоданд. Аксари харидорон барои фарзандони худ либос интихоб мекарданд.
Яке аз волидон иддао мекард, ки аз мактаб талаб кардаанд, аз ин корхона расид баранд. Ӯ шиква дошт, ки дар баробари ин маҷбур аст аз бозор ҳам дубора либос харад, зеро фарзандонаш ин либосҳоро намепӯшанд ё дар муддати кутоҳ ин либосҳо корношоям мешаванд.
Марди дигаре, ки мехост барои духтари хурдсолаш куртаи духтарона харад ва бо фурӯшанда мунозира мекард, ки андозаи мувофиқро пайдо кунад. Фурӯшанда мегуфтанд, «якеро гиру рав».
Чанде пеш хабарнигори «Азия-Плюс» бо коршинос низ ба ин корхона рафта, аз ӯ дар бораи сифати матоъ ва дӯхти либосҳо пурсида буд. Коршинос ҳар як тарҳи либосҳоро аз назар гузаронида, дар охир хулоса карда буд, ки дар корхона мушкили асосӣ на дар дӯхт, балки дар матоъ аст.
Ба гуфтаи ӯ, гарчанд дар барчаспи ҳамаи либосҳо таркиби матоъ як нишон дода шудааст, аммо таркиби ҳар навъ матоъ дигар аст ва аксар сахту дуруштанд ва мешавад бо фишурдани матоъ чӣ гуна будани он ва таркибашро муайян кард.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)