< Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт

Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон-2 бунёд меёбад.
Тибқи лоиҳа, Парчам дар баландии 30 метр парафшон карда мешавад. Майдони он бо фаввораҳои зебо, гулгаштҳо ва нишастгоҳҳо оро ёфта, ба яке аз ҷойҳои ҷолибу дӯстдоштанӣ ва сайри шомгоҳии сокинон табдил хоҳад ёфт.

Дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони Майдони Парчами давлатӣ таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳои ободкориву созандагӣ маҳсули талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз дар фазои сулҳ ва ваҳдату оромӣ имкон фароҳам омадааст, то дар гӯшаву канори мамлакат чунин иқдоми бунёдкорӣ амалӣ карда шаванд.

Солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдонҳо ва хиёбонҳои бо Парчами давлатӣ ороёфта бунёд гардиданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ рамзҳои муқаддаси миллӣ мебошанд.


Сарчашмп:  khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий