< Сӯхтор дар бозорчаи “Уяли”-и ноҳияи Хуросон. Мақомот сабаби сӯхторро шарҳ доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сӯхтор дар бозорчаи “Уяли”-и ноҳияи Хуросон. Мақомот сабаби сӯхторро шарҳ доданд

Сӯхтор дар бозорчаи “Уяли”-и ноҳияи Хуросон. Мақомот сабаби сӯхторро шарҳ доданд
“Дар натиҷаи сӯхтор, боми маркази савдо, чанд дӯкони либос ва таъмири телефонҳо зарар дидаанд. Сабаби сар задани сӯхтор расиши ноқили барқ дар яке аз дӯконҳо буда, шахси гунаҳкор ва зарари расида муайян карда мешавад”, -гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар пайи сӯхтор, ба қавли мақомот, касе осеб надидааст.

Навори сӯхтор, ки дар он гуфта мешавад бозорчаи “Уяли” дар Хуросон аст, рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб крад.

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Тибқи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий