< Рэпсарои тоҷик 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рэпсарои тоҷик 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Рэпсарои тоҷик 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 26-уми август хабар дод, ки ин ҷавони 27-сола қаблан бо қарори додгоҳ панҷ сол аз ҳаққи рондани мошин маҳрум шуда буд. Сабаб идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ будааст.

Вале ба иттилои пулиси Душанбе, Рамазон Муродов қарори додгоҳро сарфи назар карда, боз ҳам дар ҳолати сархушӣ ва баъди истеъмоли маводи нашъадор, ронандагӣ кардааст.

Назари Рамазон Муродов ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Ӯ дар саҳифаи телеграмаш танҳо навиштааст, «аҳволи ман хуб аст».
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, додгоҳе дар пойтахт ин рэпсарои тоҷикро 400 нишондиҳанда ё баробар ба 30 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Рамазон Муродов, ки дар миёни як гурӯҳ ҷавонон шинохта шудааст, моҳи июли соли 2024 барои таҳқири роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт шуда буд.

Рамазон Муродов қаблан чанд маротиба аз боздошт ва шиканҷа шуданаш аз сӯи кормандони пулис шикоят карда буд.


Сарчашма:  ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий