Вазъ дар сарҳад ором аст: Мақомоти тоҷик ҳодисаи ахири марзиро шарҳ дод
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони ду кишвар боз як баҳси марзӣ сурат гирифт, ки хушбахтона дер давом накард ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро пайдо кард
Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлак хабар дод, ки баҳси марзӣ дар ҳоли ҳозир ҳал шуд ва феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромаст.
Вай гуфт, мушкилот ҳанӯз се рӯз қабл оғоз шуда буд.
“Қирғизҳо дар деҳаи Мақсат, ки ҳанӯз минтақаи баҳсӣ аст ба корҳои сохтмонӣ оғоз карданд. Онҳо дар ин минтақа ба гурондани қубрҳои обгузар машғул шуданд”, - гуфт оқои Одинаев.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки давоми чанд рӯз ду-семаротиба сарҳадбонон, раиси ҷамоатба ҷои ҳодиса рафта дидан карданду мақомоти ҷониби Қирғизистонро дар бораи манъи корҳои сохтмонӣ огоҳ карда буданд, аммо сокинони деҳаи Мақсат аз амалкарди худсаронаи худ даст накашида, имрӯзҳам ба корҳои сохтмонии худ идома додан.
Пас аз сарфи назар кардани даъвои ҷониби Тоҷикистон сокинони деҳаи Қалъачаи ноҳия, ки наздикии ҳамон минтақа зиндагӣ мекунад, ва чандин сол наметавонистанд девор бисозанд, ба сохтмони девори манзили худ оғоз карданд.
“Вақте, ки ҷониби Тоҷикистон корҳои сохтмониро шурӯъ кард, зуд сарҳадбонону сокинони Қирғизистон дар ин минтақа ҷамъ меоянд. Сипас намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарҳадбонон ва раисони ҷамоатҳо вохурданд ва тамоми корҳои сохтмониро аз ҳар ду ҷониб боздоштанд”, - гуфт муовини раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳар ду тараф корҳои сохтмонӣ манъ карда шудааст.
Ҳамсуҳбат қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар марз ором аст ва сокинони деҳаҳои наздимарзӣ, ки дар наздикии майдон ҷамъомада буданд, пароканда шуданд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи наздимарзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22, 5 километр ва Овчӣ – Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Танишу созиши апрелӣдармарзиТоҷикистонуҚирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон28 апрел дар пайи як баҳссари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониёназ ҳарду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистоназ ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабардод.
Муноқишаиянварӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистонто 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистонва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ватехника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст 07.02.2022
Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомотиду кишвар барпо мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Комментарии (0)