< Обу ҳавои наврӯзӣ: дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Обу ҳавои наврӯзӣ: дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст

Обу ҳавои наврӯзӣ: дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

 Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳавои дтағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 19-21  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рўзона  7-12  дараҷа  гарм мешавад.
Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 6-11  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   11-16 ва  дар мавзеи Булункӯл 26-28 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл  4-6  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  шуда, рӯзона ҳаво бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 18-23  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  2-7  ва   рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий