< Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард
Кишвардори Тоҷикистон ба Содир Ҷабборов сиҳатмандию комёбӣ ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот таманно кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Содир Ҷабборов бинобар интихоб шуданаш ба маснади президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард, хабар медиҳад котиботи кишвардор.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи ирсолкардаи худ ба муносибат ва робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон махсус таъкид намудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки мероси таърихии созандаи муносибатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба Содир Ҷабборов сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатияш комёбиҳо хоста, ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот ва пешравӣ таманно намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий