< Бидуни рақиб: Рустами Эмомалӣ президент боқӣ монд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бидуни рақиб: Рустами Эмомалӣ президент боқӣ монд

Бидуни рақиб: Рустами Эмомалӣ президент боқӣ монд
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрдори  Душанбе дигарбора президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон иштихоб шуд

Ӯ дар бори сеюм аст, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб мешавад.

Маросими интихоби президенти ФФТ имрӯз  дар як ҷаласаи ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и пойтахт доир гашт.

Яке аз ҳозирин аз ин ҷаласа гуфт, интихоботи президенти ФФТ бидуни рақиб доир гашт.

Ба ҳамин минвол, ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад.

Дар ин ҷаласа ҳамзамон Хуршеди Мирзо муовини аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов муовинони Рустами Эмомалӣ интихоб шудаанд.

Ёдовар мешавем Рустами Эмомалӣ дар ин мақом ҳанӯз соли 2012 нишаста буд.

Он замон ӯ дар ин мансаб собиқ қумандони Фронти халқӣ Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий