< 3 ҳазор сомонӣ ба “Донишҷӯи сол”: Раиси вилояти Суғд озмун эълон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

3 ҳазор сомонӣ ба “Донишҷӯи сол”: Раиси вилояти Суғд озмун эълон кард

3 ҳазор сомонӣ ба “Донишҷӯи сол”: Раиси вилояти Суғд озмун эълон кард
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат озмуни “Донишҷӯи сол - 2019” элон кард

Бо қарори навбатии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2019” баргузор карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ моҳи декабри соли равон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2019” баргузор карда мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд 28 феврали соли равон ба тасвиб расид.

“Дар озмуни мазкур донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, метавонанд иштирок намоянд”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр намудааст, ки ба ғолибони озмун аз 800 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулиҳо дода мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий