Кӯмак дар мубориза бо КОВИД-19: сипоси генерал Назарзода ба намояндаи агентии Оқохон
Оҷонсии Оқохон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки моддӣ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ расонидааст
Бахши Оҷонсии Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кӯмаки моддӣ расонид, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, кӯмаки моддӣ иборат аз таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ иборат мебошанд.
"Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои тиббӣ ба сарвари Агентии Оқохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст", - менависад КҲФ Тоҷикистон.
Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки оҷонсӣ дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси COVID-19 пуштибонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши COVID-19 пешбинӣ шуда, барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд.
Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи "Ниссан"-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.
Комментарии (0)