< Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд

Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 42 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳа Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 113 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 388  нафар баробар шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, то санаи  21 сентябр дар мамлакат  8152 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий