< Ҷазои Гулов, сардори Маркази санитарию эпидемиологӣ барои тӯйи писараш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷазои Гулов, сардори Маркази санитарию эпидемиологӣ барои тӯйи писараш

Ҷазои Гулов, сардори Маркази санитарию эпидемиологӣ барои тӯйи писараш
Додгоҳ директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёнро барои маъракаи маслиҳатошӣ дар тӯйи писараш ҷарима бастааст

 Тибқи иттилои Додситонии кул, Гулов Ш., сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки ҳамчун директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ин ноҳия адои вазифа мекунад, қонуншиканӣ намудааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Гулов аз ҷумла 20 июни соли 2020 дар манзили истиқоматиаш тӯйи домодии писарашро бо гузаронидани “маслиҳатошӣ”, ки қонун манъ намудааст, баргузор карда, муддати ду рӯз тӯй гузарондааст.  

Ҳамчунин ҳангоми овардани арӯс зиёда аз чор автомашина иштирок намудааст, изҳор дошт додситонӣ. Бар асоси санади таҳиякардаи додситони ноҳияи Кушониён, додгоҳ Гуловро ҷаримабандӣ кардааст.

Инчунин додгоҳ, Сайтов М, сокини шаҳри Норак, деҳоти Дӯконӣ, ки тӯйи домодии писарашро бо додани ду намуд таом гузарондааст, ҷарима бастааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий