“Облава”-2018: муаллимро аз мактаб дошта, ба хидмати ҳарбӣ бурданд
Фирӯз Талбаков, омӯзгори фанни забони русии як мактаби ноҳияи Раштро ҳафтаи гузашта кормандони комиссариати ҳарбии ин ноҳия аз мактаб дошта, ба хидмат бурдаанд. Фирӯз Талбаков, ки зану як фарзанд ҳам дорад, алакай дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хидмат карда истодааст. Вале баъди ба артиш бурдани ин омӯзгори 25-сола мактаби деҳаи Амирбеки ҷамоати Қалъаи Сурх бе муаллими фанни забони русӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ бурдани муаллимони мактабҳои деҳот манъ шудааст.
Манобеи сомонаи "Ахбор” дар бораи як мавриди ғайриоддии маҷбуран ба хидмат бурдани муаллими мактаб дар ноҳияи Рашт хабар доданд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳафтаи гузашта кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Рашт ба мактаби деҳаи Амирбеки ҷамоати Қалъаи Сурх омада, муаллими фанни забони русии ин мактаб Фирӯз Талбаков, соли таваллудаш 1993-ро маҷбуран ба хидмат бурдаанд.
Фирӯз Талбаков алакай чанд рӯз боз дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хидмат карда истодааст. Вале баъди ба артиш бурдани ӯ мактаби деҳаи Амирбек бе муаллими фанни забони русӣ мондааст.
Фирӯз Талбаковро қаблан ҳам як дафъа ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Рашт бурда буданд, вале азбаски қонунҳои Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ будани муаллимони мактабҳои деҳотро манъ кардааст, ӯро он дафъа ҷавоб доданд.
Дар Тоҷикистон ба далели камбуди муаллимон ба хидмати артиш бурдани омӯзгорони мактабҳои деҳотро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум манъ карда буданд.
Гузашта аз ин, Фирӯз Талбаков оиладор буда, як фарзанд ҳам дорад.
Ба гуфтаи наздиконаш, ба артиш бурдани Фирӯз нафақат мактаби деҳаи Амирбекро аз муаллими забони русӣ маҳрум кард, балки як оила аз саробони асосиаш маҳрум шуд. Падару модар ва бобои пири Фирӯз Талбаков аз ҳисоби маоши муаллимии ӯ зиндагӣ мекарданд.
Ба хидмати ҳарбӣ будани ин муаллим аз ноҳияи Рашт дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин маърака 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад.
Дар ҷараёни ин маърака дар бораи чандин мавриди маҷбуран аз тариқи "облава” ба хидмат бурдани ҷавонони синну соли хидматӣ гузоришҳо ба даст расиданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати мудофиа қабл аз оғози даъват гуфта буданд, ки дигар зарурат ба "облава” намондааст ва даъват ба сафи артиш дар чорчӯби қонун сурат мегирад.
Комментарии (0)