< Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон бориш дар назар нест » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон бориш дар назар нест

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон бориш дар назар нест
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18, инчунин то 22-24 ва рӯзона аз 5-10 то 14-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ шабона барф меборад.

“Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш, шабона дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардаанд обуҳавошиносон.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш, шабона 1 – 3 дараҷа сард, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий