Таъйиноти кадрӣ дар мудофиа: подполковник Сангинзода комиссари ҳарбии Исфара кист?

Вазири мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармон комиссариятҳои ҳарбии шаҳри Исфара ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро таъйин намудааст
Вазири мудофия, генерал – полковник Шералӣ Мирзо бо имзои фармон майор Аҳадҷон Додоҷоновро комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ таъйин намудааст. Додоҷонов то ин замон дар комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт фаъолият дошт.
Дар бораи ин тағйироти кадрӣ, ки гуфта мешавад рӯзи 10-уми июн сурат гирифтааст, ҳафтаномаи “Нигоҳи халқ” бо такя ба манбаъи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар додааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ подполковник Алиҷон Сангинзода, ки то ин вақт комиссари ноҳияи Мастчоҳ буд, бо фармони вазири мудофия комиссари ҳарбии шаҳри Исфара таъйин шудааст.
Ӯ аз соли 2017 дар ин мақом дар ноҳияи Мастчоҳ фаъолият мекард.
Подполковник Алиҷон Сангинзода 11 марти соли 1987 дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз хатми МТМУ №1-и зодгоҳ ба Академияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
Мавсуф пас аз хатми ин муассисаи пурнуфуз дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини комисариати ҳарбии вилояти Суғд кор кардааст.
Комментарии (0)